HTML
HTML ин забони компютериест, ки барои сохтани Web-саҳифаҳо офарида шудааст. Он саҳифаҳоро ҳар касе, ки ба ӯ Интернет дастрас аст, тамошо карда метавонад. Ин забон аз ҷиҳати имкониятҳояш пурқувват ва барои омӯзиш нисбатан содда аст. HTML таҳти роҳбарии ташкилоти W3C мунтазам зери танқид қарор дорад, ки ин гарави инкишофёбии ин забон ва мутобиқшавии он ба дархосту талаботҳои истифодабарандагони Интернет, ки миқдорашон сол аз сол меафзояд, мебошад.
