Амалхои мантики
- Подробности
- Обновлено 10.01.2011 17:57
- Просмотров: 1282
Амалхои мантикии Чорч Бул ба шумо имконияти сохтани операторхои мураккаби мантикиро медиханд. Амали мантикии NOT чунин муайян шудааст:
| X | NOT X |
|---|---|
| FALSE | TRUE |
| TRUE | FALSE |
Амали мантикии AND чунин муайян шудааст:
| X | Y | X AND Y |
|---|---|---|
| FALSE | FALSE | FALSE |
| FALSE | TRUE | FALSE |
| TRUE | FALSE | FALSE |
| TRUE | TRUE | TRUE |
Амали мантикии OR чунин муайян шудааст:
| X | Y | X OR Y |
|---|---|---|
| FALSE | FALSE | FALSE |
| FALSE | TRUE | TRUE |
| TRUE | FALSE | TRUE |
| TRUE | TRUE | TRUE |
Операторхои С++, ки ба ин амалхои мантики баробаркувваанд:
| Амали Бул | Оператори С++ | Мисол |
|---|---|---|
| NOT | ! | NOT(x) ин !x |
| AND | && | (b>0)AND(b<5) ин (b>0)&&(b<5) |
| OR | || | (a<0)OR(a>5) ин (a<0)||(a>5) |
Мумкин аст, ки комбинатсияи якчанд операторхои мантики истифода шавад. Дар хотир нигох доштан зарур аст, ки амали ! (NOT) хама вакт пеш аз амалхои || (OR) ва && (AND) ичро карда мешавад. Амали && (AND) пеш аз || (OR) ичро карда мешавад. Амали || (OR) баъд аз && (AND) ичро карда мешавад.
Мисолхо. !(1&&0) баробар аст ба TRUE, чунки аввал амали даруни кафсхо ичро карда мешавад ва он баробари 0 (FALSE) (нигаред ба чадвали AND), баъд амали !0 ичро карда мешавад ва он ба TRUE баробар аст. Санчед, ки кимати !(1||1&&0) ба FALSE баробар аст (амали AND пеш аз OR ичро карда мешавад). Кимати !((1||1)&&0) ба TRUE баробар аст (аввал амали даруни кафсхо буда ичро карда мешавад). Агар дар фахмадани ин мисолхо душвори кашида истода бошед, алгебраи булиро камтар такрор кунед. Як мисоли истифодаи ин амалхоро меорем, ки онро худ тахлил кунед:
//namuna06.cpp
#include <iostream.h>
int main() {
float k_peshtara, mini, maxi, k_nav;
cout<<"Kimati peshtara: ";
cin>>k_peshtara;
mini=k_peshtara-k_peshtara/100*2;
maxi=k_peshtara*1.02;
cout<<"Kimati nav:";
cin>>k_nav;
cout<<"Kimati peshtara="<<k_peshtara;
cout<<"\tHududi poyoni="<<mini;
cout<<"\tHududi boloi="<<maxi<<endl;
if(k_nav>mini && k_nav<maxi)
cout<<"Kimati nav ba peshtara nazdik ast"<<endl;
else if(k_nav<mini)
cout<<"Kimati nav az kimati peshtara khelo khurd ast"<<endl;
else
cout<<"Kimati nav az kimati peshtara khelo kalon ast"<<endl;
return 0;
}
САВОЛХО БАРОИ МУСТАХКАМКУНИ
1. Кадом амалхои мантикиро медонед?
2. Пайдарпии ичрошавии амалхои мантикии овардашударо фахмонед.
3. Гуед, ки кимати 1&&0||0 ба чи баробар аст?
4. Вазифаи кафсхои доирави ( ва )?