Мукаддима
- Подробности
- Обновлено 10.01.2011 17:57
- Просмотров: 1200
Ин дастур барои хама; барои онхое, ки пеш аз ин ягон бор программа нанавиштаанд, ва ё сохиби тачрибаи программанависи дар забонхои дигар мебошанду мехоханд, ки ба олами афсонавии С++ ворид шаванд. Ин дастур барои хамаи онхое, ки аз кори программаи бо дасти худ навиштаашон халоват мебаранд.
Асосгузори забони программиронии C++ Бярн Страуструп (Bjarne Stroustrup) мебошад.
С++ ин забони программироние, ки лахчахои бисёр дорад, ба мисоли забони табие, ки сохиби лахчахои бисёре. Дар С++ лахчахо бисёранд на барои он ки одамони онро истофодабаранда дар Чануб ё Шимол зиндаги мекунанд; балки барои он ки ин забон якчанд компиляторхои (compiler) гуногун дорад. Масалан, се компилятори машхуртарин инхоянд: Microsoft Visual C++, Borland C++, GPP.
Хар яки ин компиляторхо хусусиятхои фарккунандаи худро доранд. Лекин хамаи онхо функсияхоеро, ки дар стандарти ANSI/ISO барои забони С++ оварда шудаанд, нигах медоранд. Ба гайр аз ин, хар як компилятор функсияхои гайристандартии худро дорад (ба монанди калимахое, ки танхо дар ин ё он лахча мавчуданду халос). Бисёр вакт истифодаи фукнсияхои гайристандарти сабаби хатогихо хангоми компилятсияи манти ибтидоии (source code) як программаи С++ дар компиляторхои гуногун мешавад. Кушиш карда шудааст, ки ин дастур аз ин камбуди эмин бошад. Яъне, дар ин дастур факат функсияхои стандарти истифода шудаанд. (Албатта, устодони С++ мефахманд, ки чунин муносибат худ сохиби камбудихост. Лекин муаллиф тарафдори он хаст, ки омузишро аз ягон нуктаи соддатар бояд огоз намуд). Дар ин дастур матни ибтидоии программаро бо калимаи "код" ифода мекунем.
Агар Шумо ягон компилятор дошта набошед, катъи маслихат медихем, ки ягонтои онро дастрас кунед.