Амалҳои мантиқӣ
- Подробности
- Обновлено 05.02.2012 15:37
- Просмотров: 1091
Амалҳои мантиқии Ҷорҷ Бул имконияти сохтани операторҳои мураккаби мантиқиро медиҳанд. Амали мантиқии NOT чунин муайян шудааст:
| X | NOT X |
|---|---|
| FALSE | TRUE |
| TRUE | FALSE |
Амали мантиқии AND чунин муайян шудааст:
| X | Y | X AND Y |
|---|---|---|
| FALSE | FALSE | FALSE |
| FALSE | TRUE | FALSE |
| TRUE | FALSE | FALSE |
| TRUE | TRUE | TRUE |
Амали мантиқии OR чунин муайян шудааст:
| X | Y | X OR Y |
|---|---|---|
| FALSE | FALSE | FALSE |
| FALSE | TRUE | TRUE |
| TRUE | FALSE | TRUE |
| TRUE | TRUE | TRUE |
Операторҳои PHP, ки ба ин амалҳои мантиқӣ баробарқувваанд:
| Амали Бул | Оператори PHP | Мисол |
|---|---|---|
| NOT | ! | NOT(x) ин !x |
| AND | && | (b>0)AND(b<5) ин (b>0)&&(b<5) |
| OR | || | (a<0)OR(a>5) ин (a<0)||(a>5) |
Мумкин аст, ки комбинатсияи якчанд операторҳои мантиқӣ истифода шавад. Дар хотир нигоҳ доштан зарур аст, ки амали ! (NOT) ҳама вақт пеш аз амалҳои || (OR) ва && (AND) иҷро карда мешавад. Амали && (AND) пеш аз || (OR) иҷро карда мешавад. Амали || (OR) баъд аз && (AND) иҷро карда мешавад.
Мисолҳо. !(1&&0) баробар аст ба TRUE, чунки аввал амали даруни қафсҳо иҷро карда мешавад ва он баробари 0 (FALSE) (нигаред ба ҷадвали AND), баъд амали !0 иҷро карда мешавад ва он ба TRUE баробар аст. Санҷед, ки қимати !(1||1&&0) ба FALSE баробар аст (амали AND пеш аз OR иҷро карда мешавад). Қимати !((1||1)&&0) ба TRUE баробар аст (аввал амали даруни қафсҳо буда иҷро карда мешавад).
Агар дар фаҳмадани ин мисолҳо душворӣ кашида истода бошед, алгебраи булиро камтар такрор кунед.