| По-русски | По-таджикски |
| Откройте глаза / Закройте глаза | Чашматонро кушоед / Чашматонро пӯшед |
| Откройте рот / Закройте рот | Даҳонатонро кушоед / Даҳонатонро пӯшед |
| Покажите язык | Забонатонро нишон диҳед |
| Есть ли боли? | Дард ҳаст? |
| Покажите, где болит? | Куҷо дард мекунад? |
| Дышите / Не дышите | Нафас гиред / Нафас нагиред. |
| Дышите глубже | Чуқуртар нафас гиред |
| Прилягте здесь, пожалуйста | Марҳамат, инҷо хоб кунед / Марҳамат, инҷо дароз кашед |
| Встаньте | Хезед |
| Сядьте | Шинед |
| Пожмите (сожмите) мне руку | Дасти маро фишуред |
| Мы Вам поможем | Мо ба шумо ёрӣ медиҳем |
| Сколько стоит это лекарство? | Нархи ин дору чанд пул аст? |
| Вам нужно сдать анализы. (моча, кровь, сперма) | Шумо бояд анализҳоро супоред. (пешоб, хун, нуфта/манӣ) |
| Какой диагноз ему поставили? / Чем он болен? | Диагнози ӯ чӣ аст? / Ӯ чӣ хел касал аст? |
| Нужно срочно делать операцию. | Фавран ҷарроҳӣ (оператсия) бояд кард. |
| У нас не было другого выхода. Извините! | Мо дигар чора надоштем. Узр! |
| У вас температура. | Шумо таб доред. |
| Состояние больного стабильное. | Ҳолати (Аҳволи) касал мӯътадил аст. |
| Состояние больного улучшается. | Ҳолати (Аҳволи) касал беҳтар шуда истодааст. |
| Состояние больного ухудшается. | Ҳолати (Аҳволи) касал бадтар шуда истодааст. |
| Он умер (Она умерла). Примите наши соболезнования. | Ӯ вафот (раҳмат) кард. Ҳамдардии моро қабул намоед. |
| Он выздоравливает. Его скоро выпишут. | Ӯ сиҳат шуда истодааст. Ба қарибӣ (ба наздикӣ) ӯро ҷавоб медиҳанд. |
| Результаты обследования будут известны завтра (через два дня). | Натиҷаҳои ташхис пагоҳ (баъди ду рӯз) маълум мешаванд. |
| Я порезал палец | Ман панҷаамро буридам |
| Я обжёг руки | Ман дастонамро сӯхтам |
| Я ранил ногу | Ман поямро маҷрӯҳ кардам |
| Принесите бинт и зелёнку | Бинт (дока) ва зелёнка биёред |