| По-русски | По-таджикски |
| Вот мой паспорт и таможенная декларация. | Ин шиноснома ва эъломияи гумрукии ман |
| Вот мой багаж. | Ин бори ман. / Ана бағоҷи ман. |
| Какова цель Вашей поездки? | Мақсади сафари шумо чист? |
| Я приехал к родственникам. | Ман назди хешовандон омадаам. |
| Это частная поездка. | Ин сафари шахсӣ аст. |
| Это деловая поездка. | Ин сафари корӣ аст. |
| Это транзит / туристическая поездка. | Ин транзит / сафари туристӣ аст. |
| Я еду в составе тургруппы. | Ман дар гурӯҳи туристон сафар мекунам. |
| Как долго Вы здесь пробудите? | Шумо ин ҷо чӣ қадар меистед? |
| Я здесь пробуду три дня (полгода, до осени). | Ман ин ҷо се рӯз (нимсол, то тирамоҳ) меистам. |
| Извините, я не понимаю. | Бубахшед, ман намефаҳмам. |
| Мне нужен переводчик. | Ба ман тарҷумон лозим аст. |
| Позовите руководителя группы. | Сардори гурӯҳро ҷеғ занед. |
| Меня встречают. | Маро пешвоз мегиранд. |
| Таможня. | Гумрук |
| Мне нечего декларировать. | Ман чизе барои эъломия надорам. |
| Это вещи для личного пользования. | Ин чизҳои шахсии ман. |
| Это подарок. | Ин тӯҳфа аст. |
| Это подарки. | Инҳо тӯҳфаанд. |
| Я могу идти? | Ман метавонам, ки равам? |
| Поставьте, пожалуйста, штамп в паспорт. | Илтимос, ба паспорт мӯҳр гузоред. |
| Помогите, пожалуйста, заполнить этот бланк. | Илтимос, дар пур кардани ин бланк ёрӣ диҳед. |
| Можно мне другой бланк декларации? | Мумкин аст, ки дигар бланки эъломияро гирам? |
| Пожалуйста, откройте свой чемодан (рюкзак, сумку) для досмотра. | Илитимос, ҷомадони (рюкзак / борхалта, сумка) худро барои тафтиш кушоед. |
| Всё в порядке. Вы можете проходить. | Хуб. Шумо метавонед равед. / Хуб. Гузаред. |
| Вы должны заплатить за это пошлину. | Шумо барои ин бояд боҷ супоред. |
| Я вынужден конфисковать эти вещи. | Ман маҷбур ҳастам, ки ин чизҳоро мусодира намоям. |
| Пожалуйста, представьтесь. | Луфтан худро муаррифӣ намоед. / Илтимос, худро шинос кунед. |
| Извините, но Вы не имеете на это право. | Мебахшед, лекин шумо ба ин ҳуқуқ надоред. |
| Извините! Я не знал. | Узр! Ман намедонистам. |
| Мои документы пропали. | Ҳуҷҷатҳои ман гум шуданд. |
| Пожалуйста, позвоните по этому номеру. | Илтимос, ба ин рақам занг занед. |